Пресс служба
14.05.2025 14:30:25
Санаи 14 майи соли 2025 дар доираи сафар ба шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт вохӯрии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ ва Вазири молияи мамлакат Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Вазири девони амирии Давлати Кувайт Шайх Муҳаммад Абдуллоҳ ал-Муборак ас-Сабоҳ доир гардид.
Дар аснои вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами сармоягузорӣ, бахусус дар соҳаи энергетика ва дигар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ибрози андеша намуда, оид ба рушду тақвияти бештари ҳамкориҳо изҳори омодагӣ намуданд.
Powered by Froala Editor
