Пресс служба
14.05.2025 16:13:56
Нимаи дуюми рӯзи 14 майи соли 2025 дар шаҳри ал-Кувайт мулоқоти муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ ва вазири молияи ҷумҳурӣ Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо вазири молия, вазири давлатӣ оид ба умури иқтисодӣ ва сармоягузории Давлати Кувайт Нура Сулаймон ал-Фассом, ки ҳамзамон ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт мебошад, доир гардид.
Дар аснои мулоқот, ки дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт, масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзноки давлатӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои мавриди назар изҳор намуданд.

Powered by Froala Editor
