Пресс служба

15.05.2025 8:12:11
Санаи 13 майи соли 2025 дар шаҳри Лондони Британияи Кабир дар доираи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) мулоқоти муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло бо Ноиби Президенти БАТР оид ба масъалаҳои сиёсат ва шарикӣ Марк Боуман баргузор гардид. 
      Дар оғози вохӯрӣ ҷониби Тоҷикистон ба роҳбарияти БАТР барои саҳми муассир дар пешбурди ҳамкориҳои мутақобила ва дастгирии татбиқи лоиҳаҳои стратегии кишвар миннатдории самимӣ иброз намуд.
      Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориҳо дар самти ҷалби маблағҳои имтиёзноки иқлимӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаҳои энергияи барқароршаванда, идоракунии захираҳои обӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон, аз ҷониби БАТР хоҳиш карда шуд, дар раванди ҷалби маблағҳои созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва донорҳои дуҷониба мусоидат намояд. 
     Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои самаранок изҳор дошта, омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳои муштараки инноватсионӣ, аз ҷумла васеъ намудани барномаҳои дастгирии занону ҷавонон ва истифодаи васеи воситаҳои нави маблағгузорӣ таъкид намуданд.

Powered by Froala Editor