Пресс служба

15.05.2025 8:13:39
       Санаи 14 майи соли 2025 дар шаҳри Лондони Британияи Кабир мулоқоти муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло бо Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) хонум Одил Рено-Бассо сурат гирифт. 
      Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи ҳамкории стратегии Тоҷикистон бо БАТР-ро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҷониби Тоҷикистон ба саҳми арзишманди БАТР дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, бахусус дар бахшҳои энергетика ва нақлиёт, инчунин дастгирии рушди бахши хусусӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва таъмини дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ ишора намуда, аз натиҷаҳои назарраси ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд. 
      Дар идомаи мулоқот ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки БАТР саҳми маблағгузории грантиро дар маҷмӯи маблағгузории лоиҳаҳо барои Тоҷикистон афзалиятнок ба монанди рушди инфрасохтори шаҳрӣ, самаранокии энергетикӣ тавассути насби ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ ва таъсиси нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ, модернизатсияи шабакаҳои обрасонӣ ва роҳҳо, рақамикунонии бахшҳои иқтисод ва ҷорӣ намудани технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза афзоиш диҳад. 
     Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои бисёрсамта баён намудаанд.

Powered by Froala Editor