Пресс служба

16.05.2025 7:37:47
   Санаи 15 майи соли 2025 дар доираи сафар ба шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт вохӯрии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ ва вазири молияи кишвар Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо вазири тиҷорат ва саноати Давлати Кувайт Халифа Абдуллоҳ Зоҳй ал-Аҷил ал-Аскар баргузор гардид.
      Дар рафти вохӯрӣ дурнамои таҳкиму тавсеи ҳамкории дуҷониба дар самтҳои иқтисод ва тиҷорату сармоягузорӣ матраҳ гардид.
     Дар ин замина, ҷониби Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузориҳои мустақими кувайтӣ ба соҳаҳои саноат, аз ҷумла истихроҷ, нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳодоти мушаххас ироа намуд.

Powered by Froala Editor