Пресс служба

22.05.2025 8:13:37
      
  Санаи 21 майи соли 2025 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF) дар Тоҷикистон – Артур ван Дизен баргузор гардид. 
       Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар самтҳои мавриди назар мубодилаи афкори судманд намуданд.



Powered by Froala Editor