Пресс служба
22.05.2025 16:36:39
Дар доираи ҷаласаи солонаи Бонки Исломии Рушд, ки дар шаҳри Алҷазоири Ҷумҳурии Алжир баргузор гардид, муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло бо роҳбари Фонди ҳамбастагии исломӣ барои рушд (ISFD) Одил Алшариф мулоқот анҷом доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ISFD-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Қайд гардид, ки айни замон ISFD дар Тоҷикистон 3 лоиҳаи муҳимро бо маблағи умумии 35 миллион доллари амрикоӣ дар бахшҳои маориф ва кишоварзӣ татбиқ намуда истодааст.
Ҷониби Тоҷикистон аз пешниҳоди маблағгузории имтиёзноки ISFD изҳори қаноатмандӣ намуда, барои вусъат додани ҳамкориҳои минбаъда дар татбиқи ду лоиҳаи нави соҳаи маориф ба маблағи умумии 20 миллион доллар, инчунин лоиҳаи обёрӣ дар вилояти Хатлон ба маблағи 15 миллион доллари амрикоӣ таъкид намуд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои босамар ҷиҳати рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон баён намуданд.
Powered by Froala Editor
