Пресс служба

22.05.2025 16:57:58
     Санаи 22 майи соли 2025 дар вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири молия  Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо директори минтақавии Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Татяна Проскурякова ва директори минтақавии бахши инфрасохтории Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Чарлз Кормэ, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, баргузор гардид. 
    Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба идомаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, татбиқи созишномаҳои молиявии мавҷуда ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи шарикони рушдро муҳокима намуданд.



Powered by Froala Editor