Пресс служба
30.05.2025 16:27:25
Санаи 30 майи соли 2025 дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Муовини аввали Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум Амина Муҳаммад баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба ҳамкории дуҷониба дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим, бахусус муҳофизати пиряхҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими миллӣ дар ин самтро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазири молия иброз дошт, ки Тоҷикистон ҷиҳати мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлимӣ иқдомоти назаррас анҷом медиҳад ва бо ҷалби маблағҳои бузурги байналмилалӣ, аз ҷумла грантҳои Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд, лоиҳаҳои стратегиро амалӣ менамояд. Дар ин робита, татбиқи лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун намунаи равшани чунин иқдомот қайд гардид.
Ҳамзамон, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо Тоҷикистон ва СММ дар самти ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор баён намуданд.
.jpg)
Powered by Froala Editor
