Пресс служба
20.06.2025 8:32:46
Санаи 19 июни соли 2025 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои иқтисод ва савдо, татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика, инчунин дигар масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкор намуданд.

Powered by Froala Editor
