Пресс служба
17.07.2025 7:36:04
Санаи 16 июли соли 2025 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло ибни Тавқ Ал-Маррӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи баланди муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд қаноатмандӣ баён намуда, омодагии худро барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва сармоягузорӣ изҳор намуданд.
Ҳамзамон, Вазири молия аз саҳми арзандаи Амороти Муттаҳидаи Араб дар рушди инфрасохтор, бахусус сохтмони роҳ дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистонро дар соҳаҳои энергетика, молия, кишоварзӣ, нақлиёт, саноати сабук ва сайёҳӣ муаррифӣ карда, аз ҷониби Амороти Муттаҳидаи Араб даъват ба амал овард, ки дар ин сатмҳо сармоягузорӣ намоянд.
Илова бар ин, дар рафти мулоқот Вазири молия аҳамияти Неругоҳи барқи обии “Роғун” – ро қайд карда, аз ҷониби Амороти Муттаҳидаи Араб даъват ба амал овард, ки дар доираи Фонди Абу Забӣ оид ба рушд (ADFD) ҷиҳати тезонидани раванди гузаронидани расмиёти Фонд барои ҷудо намудан маблағгузории ин лоиҳаи бузург мусоидат намоянд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар заминаи шарикии эътимодбахш таъкид карданд.

Powered by Froala Editor
