Пресс служба

07.08.2025 13:58:44

           6 августи соли 2025 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор машварати корӣ вобаста ба тадбирҳои иловагии вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ баргузор гардид.

        Дар машварат намояндагони вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Кумитаи андоз, Бонки миллӣ, роҳбарияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ассотсиатсияҳои бонкӣ ва ташкилотҳои молиявии кишвар ширкат доштанд. 

     Дар аснои машварати корӣ аз ҷониби масъулини дахлдори Вазорати молия рӯнамо доир ба ҷорӣ намудани низоми пардохтҳои ғаринақдӣ дар ҳама соҳаҳо ва таъмини фарогирии пурраи сарчашмаҳои имконпазири даромади буҷет манзур гардид.
     Дар интиҳои машварат миёни иштирокчиён роҷеъ ба пешниҳодҳои Вазорати молия дар робита ба боз ҳам вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғаринақдӣ мубодила афкор ва саволу ҷавоб сурат гирифт.


                   

Powered by Froala Editor