Пресс служба
11.08.2025 8:40:50
Санаи 8 августи соли 2025 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми Вазири молия Маҷидӣ Юсуф Хайрулло, ҷиҳати иштирок дар марҳилаи аввали омӯзиши таҷрибаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафари корӣ анҷом доданд.
Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ роҳбарони ҳайатҳо аҳамияти робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои созандаро байни ду кишвар таъкид намуда, изҳор доштанд, ки мубодилаи таҷриба ва омӯзиши амалияҳои пешқадам дар самтҳои банақшагирии буҷет, идоракунии қарзи давлатӣ, сиёсати андозбандӣ ва маъмурикунонии он, таҳкими шаффофият ва рушди рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ заминаи муҳими густариши ҳамкориҳои минбаъда мебошад.
Барномаи рӯзи аввал муаррифии муфассали сохтор ва ваколатҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон, низоми ташаккули буҷет, идоракунии дороиҳои давлатӣ, таҷрибаи пешбурди сиёсати қарзи давлатӣ, идоракунии хавфҳои фискалӣ ва истифодаи васеи технологияҳои рақамиро фаро гирифт.
Ҳамчунин, бо иштироки коршиносони баландпояи Қирғизистон ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои марбут ба рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ ва платформаҳои электронии молиявӣ шарҳ дода шуд. Инчунин, санаи 8 август ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари худ ба Хадамоти давлатии андоз барои шиносоӣ аз низоми фаъолияти Хадамот ташриф оварданд.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки ин сафар натанҳо имкони мустақим барои омӯзиши таҷрибаи муваффақи ҳамсоякишварро фароҳам меорад, балки ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар низоми молияи давлатӣ мусоидат менамояд. Илова бар ин, аҳамияти идомаи чунин ҳамкориҳои касбӣ ва баргузор намудани чорабиниҳои муштарак дар оянда таъкид гардид.

Powered by Froala Editor
