Пресс служба
04.09.2025 15:17:55
Рӯзи 4 сентябри соли 2025 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо роҳбари навтаъйини Намояндагии доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Судипто Мукерҷи баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот вазири молия Қаҳҳорзода Ф.С., бинобар ба вазифаи роҳбари Намояндагии доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданаш
Судипто Мукерҷиро муборакбод намуда, ба ӯ дар иҷрои вазифаи пурмасъулият ҷиҳати таҳкиму густариши муносибатҳои Тоҷикистон бо БРСММ барору комёбӣ таманно намуд.
Дар рафти мулоқот атрофи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла энергетика ва саноат, инчунин рақамикунонии бахши молия ва рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Powered by Froala Editor
