Пресс служба

18.09.2025 14:39:24


 Санаи 18 сентябри соли 2025 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба иҷрои банди 7 Нақшаи кори Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025, машғулияти омӯзишӣ барои мутахассисони ҷавон дар мавзӯи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» баргузор мегардад. 
     Чорабиниро муовини вазири молия Қурбониён Сарвар Собир ифтитоҳ намуда, қайд карда шуд, ки забони тоҷикӣ аз ҷумлаи қадимтарин забонҳои дунё ба ҳисоб рафта, далели бостонӣ будани забон ва миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон мебошад.
     Забони тоҷикӣ бо вуҷуди мушкилоти зиёд дар масири чандҳазорсола ҳамқадами замон ва илҳомбахши фаъолияти илмиву адабӣ, фарҳангиву маънавӣ ва сиёсиву иҷтимоии давраҳои гуногуни таърихӣ будааст. 
     Зикр гардид, ки барои ҳар инсон донистани забони давлатӣ маънои эҳтиром гузоштан ба миллат, Модар, Ватан ва давлати соҳибихтиёр мебошад. Имрӯз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати муваффақонаи муҳтарам Пешвои муаззами миллат забони тоҷикӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи баланд дошта, ҳамчун забони расмии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта мешавад.
     Сипас, аз ҷониби устодони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон - номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ҳасанова Манзура Абдурашидовна ва номзади илмҳои филологӣ, дотсент Сироҷова Нигина Фатҳуллоевна дар мавзӯи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» рӯнамо пешниҳод карда шуд.
     Дар интиҳои чорабинӣ иштирокчиён вобаста ба мавзӯи мавриди назар ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.


                     

Powered by Froala Editor