Пресс служба
26.09.2025 14:18:34
Cанаи 26 сентябри соли 2025 дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, дар шаҳри Москва мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Директори иҷроияи Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд Андрей Широков баргузор гардид. Ҷонибҳо аҳамияти густариши ҳамкориҳоро таъкид намуда, нақши Фондро дар дастгирии суботи молиявӣ ва рушди устувори иқтисодии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карданд.
Зимни мулоқот саҳми Фонд дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, энергетикӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон баланд арзёбӣ гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ ва истифодаи бештари имкониятҳои молиявии Фонд дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар иброз намуданд.
Илова бар ин, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо роҳҳои амалии тавсеаи ҳамкориро баррасӣ карда, ба зарурати таҳияи лоиҳаҳои афзалиятнок дар самтҳои дастгирии буҷет, энергетика, нақлиёт, рақамикунонӣ, обу кишоварзӣ ва дастгирии бахши хусусӣ ишора намуданд.
Мулоқот дар фазои созанда баргузор шуда, ҷонибҳо қайд карданд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд дар марҳилаҳои оянда низ густариш ёфта, ҷиҳати маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар, ки ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ мусоидат менамоянд, корҳои назаррасро анҷом медиҳанд.
Powered by Froala Editor
