Пресс служба

01.10.2025 9:41:18
 Аз санаи 23 то 25 сентябри соли 2025 бо ташаббуси Бонки Осиёии Рушд дар шаҳри Манилаи Ҷумҳурии Филиппин 5-умин Форуми молиявии Осиё: мавқеъгирӣ барои оянда бо иштироки намояндагони кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор гардид. 
     Дар кори форум намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишварҳо, намояндагони бахши хусусӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ иштирок намуданд.
     Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Дилшод Мурод дар ҷараёни форум суханронӣ намуда, қайд карда шуд, ки форум имконияти васеъро барои мубодилаи таҷриба, мустаҳкам намудани ҳамкориҳо ва ҷустуҷӯи роҳҳои нав барои рушди ҳамкориҳои молиявӣ дар минтақа фароҳам меорад. Инчунин, аз нақши муҳими Тоҷикистон дар пешбурди ислоҳоти низоми молия ва татбиқи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ зикр гардид.
     Дар ҷараёни форум намояндагони дигар кишварҳои иштирокчӣ ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ бо маърӯзаҳо баромад намуданд.



Powered by Froala Editor