Пресс служба

15.10.2025 16:49:36
    Санаи 14 декабри соли 2025 дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор  дар дафтари марказии Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА), вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс бо Муовини директори иҷроияи ХБА ҷаноби Бо Ли баргузор гардид.
     Ҷонибҳо ҳамкориҳоро мусбат арзёбӣ намуда, аз раванди татбиқи бомуваффақи Барномаи воситаи Ҳамоҳангсозии Сиёсат (PCI) дар Тоҷикистон ва нақши он дар рушди ҳамкориҳо бо ХБА таъкид карданд.
      Ҷонибҳо аҳамияти идомаи ислоҳот, тақвияти рақамикунонии низоми молиявӣ, рушди иқтидорҳо ва дастгирии техникии ХБА-ро баррасӣ намуданд. Илова бар ин ҷониби Тоҷикистон оид ба масъалаи истифодаи механизми Фонди Устуворӣ ва Пойдорӣ (RSF) пешниҳод намуд, ки дар доираи он маблғгузории имтиёзнок ҷалб карда мешавад.  
      Дар анҷоми мулоқот, тарафҳо зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти идоракунии молияи давлатӣ, беҳсозии муҳити сармоягузорӣ, густариши кумакҳои техникӣ ва инчунин баррасии имконияти гузариш ба барномаи молиявии ХБА-ро дар оянда таъкид намуданд.

Powered by Froala Editor