Пресс служба

17.10.2025 7:44:31
     Санаи 15 октябри соли 2025 дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, дар аснои ҷаласаҳои солонаи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва бо иштироки Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Ноиби Президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антонелла Бассани баргузор гардид.
     Дар оғози мулоқот, масъалаи татбиқи лоиҳаи афзалиятноки сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” буд, ки дар доираи он мусоидати Бонки Умумиҷаҳонӣ дар шакли гранти бебозгашт ба маблағи 350 миллион доллари ИМА ва дастгирии буҷет дар чаҳорчӯби барномаи сиёсати иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
     Илова бар ин, зимни мулоқот ҷонибҳо ба сатҳи баланди ҳамкории дуҷониба ва нақши калидии Бонки Умумиҷаҳонӣ ҳамчун яке аз шарикони асосии рушд барои Тоҷикистон таъкид намуданд. Ҳамзамон, масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикаи барқароршаванда, соҳаи кишоварзӣ, рақамикунонии иқтисодиёт ва дастгирии бахши хусусӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
    Ҷониби Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкории мутақобила таъкид намуда, дар бораи зарурати ба инобат гирифтани афзалиятҳои миллии кишвар дар раванди таҳияи Стратегияи панҷсолаи нави шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ изҳори назар намуд.
     Ҷонибҳо мувофиқа намуданд, ки ҳамкориро дар доираи Стратегияи панҷсолаи нави шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ барои таъмини устувории молиявии лоиҳаҳо, ҷалби бештари захираҳои имтиёзнок, аз ҷумла грантҳо ва қарзҳои имтиёзнок тақвият мебахшанд.

Powered by Froala Editor