Пресс служба
27.10.2025 7:54:02
Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25 октябри соли 2025 мулоқоти Вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Раиси Раёсати Созмони коғазҳои қиматнок ва биржаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳоҷатуллоҳ Саидӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои пурсамари мавҷударо дар доираи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони коғазҳои қиматнок ва биржаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, “Фишангҳои молияи исломӣ”, “ESG ва маблағгузории сабз”, “Идоракунии корпоративӣ”, хуруҷи ширкатҳои саҳомӣ ва ширкатҳои бузурги ватанӣ ба бозорҳои коғазҳои қиматноки дохилӣ ва байналмилалӣ, инчунин татбиқи ҷойгиркунии IPO ва вомбаргҳои инфрасохторӣ равона гардидаанд.
Илова бар ин, ҷонибҳо дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ барои таҳияи лоиҳаҳои пилотӣ ва рақамикунонии инфрасохтори бозори коғазҳои қиматнок мувофиқа карданд. Ҳамчунин имконияти табодули мунтазами коршиносон ва эътирофи тахассуси касбии мақомоти танзимкунандаи ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Powered by Froala Editor
