Пресс служба
27.10.2025 7:59:50
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муваффақият мизбонии сафари расмии ҳайати Созмони коғазҳои қиматнок ва биржаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон (Securities and Exchange Organization – SEO) ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони “Пули эътимод ва рушд”-ро анҷом дод. Чорабинӣ санаи 25 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе (Меҳмонхонаи “Ҳилтон”) баргузор гардида, намояндагони мақомоти олии давлатии ду кишвар, танзимгарон, ҷомеаи касбии молиявӣ ва коршиносони байналмилалиро гирди ҳам овард.
Чорабинӣ бо суханронии ифтитоҳии муҳтарам Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва доктор Ҳоҷатуллоҳ Саидӣ Раиси Раёсати Созмони коғазҳои қиматнок ва биржаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ализар Ҳокиян, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурзода Исфандиёр Шукур асман оғоз ёфт.
Ба ҳайати расмии Созмони коғазҳои қиматнок ва биржаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон мутахассисони баландихтисос таҳти роҳбарии доктор Ҳоҷатуллоҳ Саидӣ Раиси Раёсати Созмон, шомил буда, инчунин доктор Ҳомиди Ёрӣ, доктор Амир Лалӣ, доктор Амир Беҳдод Саламӣ, ҷаноби Карим Каримӣ, ҷаноби Маҷид Пуянмеҳр ва хонум Марям Сафариён иштирок доштанд.
Барномаи форум иборат буд аз:
• Ҳамоиши омӯзишӣва тренингҳои касбӣ
• Ҷаласаҳои мавзӯӣ оид ба “Муқаддима ба бозори сармояи Эрон”, “Фишангҳои молияи исломӣ”, “ESG ва маблағгузории сабз”, “Идоракунии корпоративӣ ва назорат дар бозорҳои рушдёбанда”;
• Муҳокимаҳои панелӣ бо иштироки танзимгарон, бонкҳо, ширкатҳои суғурта ва эмитентҳои потенсиалӣ;
• Гуфтушунидҳои B2B ва G2B барои густариши робитаҳои амалӣ ва мубодилаи таҷриба.
Дар доираи форум мубодилаи таҷриба оид ба танзим, семинарҳо оид ба молияи исломӣ, ESG ва мобилизатсияи маблағгузории “сабз” баргузор гардиданд. Боиси ифтихор аст, ки аввалин маротиба дар Тоҷикистон сертификатсияи байналмилалии мутахассисони бозори молиявӣ баргузор шуд.
Пас аз анҷоми барномаи омӯзишӣ, зиеда аз 80 нафар иштирокчиён — намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, бахшҳои бонкӣ ва суғуртавӣ, инчунин ширкатҳои калони ватанӣ — соҳиби шаҳодатномаҳои расмии хатм гардиданд. Ин қадам оғози давраи нав дар касбияти бозори молиявии кишвар арзёбӣ мегардад.
“Сафар мазкур як қадами муҳими амалӣ дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди ниҳодҳои молиявии мост. Табодули таҷриба бо Созмони коғазҳои қиматнок ва биржаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба мо барои суръат бахшидан ба татбиқи фишангҳои муосири маблағгузорӣ, аз ҷумла фишангҳои исломӣ ва “сабз”, ва баланд бардоштани сифати амалияҳои назоратӣ мусоидат хоҳад кард,” — қайд намуд муҳтарам Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иштирокчиён тавсияҳои байниминтақавии амалиро оид ба мутобиқсозии воситаҳои молиявии исломӣ ва ташаббусҳои ESG ба шароити миллӣ дарёфт намуданд. Ҷонибҳо дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ барои таҳияи лоиҳаҳои пилотӣ ва рақамикунонии инфрасохтори платформаи савдо мувофиқа карданд. Ҳамчунин имконияти табодули мунтазами коршиносон ва эътирофи тахассуси касбии мақомоти танзимкунандаи ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамоиши мазкур бо сухани ҷамъбастии муовини вазири молия, муҳтарам Хайруллозода Шамсулло Хайрулло, анҷом ёфт ва ба иштирокчиён шаҳодатномаҳои расмии хатм супурда шуданд. Чорабинии мазкур саҳми назаррас дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби сармояи устувор ва дарозмуддат, ва рушди иқтисодии Тоҷикистон гузошт.
Форуми“Пули эътимод ва рушд” худро ҳамчун платформаи амалии табодули дониш ва таҷриба, ҳамчунин таҳияи қадамҳои мушаххас барои навсозии инфрасохтори молиявии миллӣ муаррифӣ намуд.

Powered by Froala Editor
