Пресс служба

27.10.2025 14:51:51
Нимаи дуюми ҳамон рӯз дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ мулоқоти муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло бо Директори генералии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд оид ба амалиёт муҳтарам Айссам Аннам баргузор гардид. 
        Ҷонибҳо барои ҳамкории пурсамар изҳори сипос намуда, нақши Бонкро дар дастгирии лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар мусбат арзёбӣ карданд.
        Зимни мулоқот татбиқи амалии як қатор лоиҳаҳо ва қадамҳои навбатӣ баррасӣ шуданд, аз ҷумла дар самтҳои энергетика, инфрасохтори нақлиёт, рушди деҳот, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва рақамикунонӣ.
        Илова бар ин, аз ҷониби Бонк дархост ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъол, содасозии расмиёт ва истифодаи имкониятҳои Бонк дар маблағгузории асосноккунии техникию иқтисодӣ мусоидат намояд.
        Инчунин, ҷонибҳо имкониятҳои нави Бонкро дар доираи равзанаи маблағгузории имтиёзнок муҳокима намуда, омодагии худро барои истифодаи он ҷиҳати пешбурди лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон таъкид карданд.
        Мулоқот дар фазои созанда баргузор гардида, ҷонибҳо бар идомаи муколамаи фаъол ва густариши ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Powered by Froala Editor