Пресс служба

27.10.2025 14:53:22
   Санаи 27 октябри соли 2025 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ҷаласаи корӣ бо иштироки муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло ва ҳайати Департаменти банақшагирии молиявӣ ва таҳлилии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд баргузор гардид.
        Зимни нишаст, намояндагони Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд сиёсати қарзии бонк, аз ҷумла шартҳои маблағгузории имтиёзнок, омилҳои ҳаммаблағгузорӣ ва талаботи муҳосиботию ҳуҷҷатгузориро муаррифӣ карданд.
        Дар чорчӯби ҷаласаи мазкур, муколамаи мушаххас оид ба раванди маблағгузории лоиҳаҳо, такмили расмиёти пардохт (disbursement) ва ҳалли масоили амалиётӣ сурат гирифт.
        Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ҳамоҳангии зич баён намуда, доир ба истифодаи маблағгузории имтиёзнок ва самаранокии маблағгузории лоиҳаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.



Powered by Froala Editor