Пресс служба

27.10.2025 14:56:21

Нимаи дуюми санаи 27 октябри соли 2025 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ мулоқоти муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло бо Директори департаменти харид ва идоракунии молиявии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд муҳтарам Аамир Мир баргузор гардид.
        Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи лоиҳаҳо, шаффофият ва риояи стандартҳои байналмилалиро баррасӣ карда, нақши калидии ҳамоҳангии саривақтӣ
миёни мақомоти татбиқкунанда ва Бонкро таъкид намуданд.
        Ҷониби Тоҷикистон дархост ба амал овард, то Бонк дар тезонидани расмиёти харид ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории афзалиятноки кишвар, бахусус НБО «Роғун», мусоидат намояд. Таъкид гардид, ки мусоидати фаъоли техникии Бонк ва истифодаи механизмҳои муосири харид барои баланд бардоштани сифати татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ мусоидат мекунад.
        Ҳамзамон, ҷонибҳо имконияти ташкили давраҳои омӯзишӣ барои мутахассисони хариди лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ (бо таваҷҷуҳ ба банақшагирӣ, тайёркунии ҳуҷҷатҳо, баҳогузорӣ ва назорати иҷро), инчунин ҷалби мушовирони тахассусиро барои дастгирии гурӯҳҳои татбиқкунанда баррасӣ карданд.





Powered by Froala Editor