Пресс служба
10.11.2025 10:35:01
Санаи 6 ноябри соли 2025 дар шаҳри Даҳваи Давлати Қатар мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Вазири молияи Давлати Қатар Алӣ бин Аҳмад Ал - Куварӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҷалби маблағгузории Қатарӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, бахусус Неругоҳи барқи обии “Роғун”, баррасӣ гардид.
Вазири молияи Тоҷикистон вобаста ба рушди иқтисодии кишвар, бахусус нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар маълумоти муфассал пешниҳод намуда, аҳамияти стратегӣ ва раванди сохтмони лоиҳаи афзалиятноки кишвар - НБО “Роғун” -ро муаррифӣ намуд.
Ҳамзамон, нақши лоиҳаи мазкур дар таъмини амнияти энергетикии натанҳо Тоҷикистон, балки минтақаи Осиёи Марказӣ, афзоиши иқтидори содироти нерӯи барқ ва таъсири иҷтимоию иқтисодӣ қайд гардида, даъват ба амал оварда шуд, ки ниҳодҳои дахлдори Давлати Қатар ҷиҳати идомаи сохтмони иншооти НБО Роғун маблағгузории иловагӣ намоянд.
Вазири молияи Қатар омодагии худро ҷиҳати мусоидат ба мақомоти дахлдори Қатарӣ, аз ҷумла Фонди Қатар оид ба рушд (QFFD) ва Бонки Қатарии рушд (QDB) барои маблағгузорӣ намудан ба лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, махсусан НБО Роғун, баён намуд.
Қобили қайд аст, ки Фонди Қатар оид ба рушд дар баробари 12 ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ дар идомаи сохтмони НБО “Роғун” сармоягузорӣ намудааст.
Мулоқот дар фазои созанда сурат гирифта, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи фаъол ва татбиқи натиҷабахши лоиҳаҳо таъкид намуданд.
Дар фарҷом аз Вазири молияи Давлати Қатар даъват ба амал оварда шуд, ки аз Тоҷикистон, лоиҳаҳои татбиқшавандаи кишвар, бахусус иншооти НБО Роғун боздид намоянд, ки даъват хуш пазируфта шуд.
Powered by Froala Editor
