Пресс служба
10.11.2025 10:36:15
Дар идомаи сафар ба Давлати Қатар дар шаҳри Даҳва мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Директори генералии Фонди Қатар оид ба рушд (QFFD) ҷаноби Фаҳад Ҳамад Ҳассан Ал - Сулайтӣ баргузор гардид.
Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, робитаҳои дӯстона ва шарикии созандаро омили муҳими густариши муносибатҳо дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ арзёбӣ карданд.
Зимни мулоқот Вазири молия доир ба раванди амалишавии лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ, бахусус бо таъкиди аҳамияти бахши энергетика маълумоти муфассал пешниҳод намуда, даъват ба амал овард, ки Фонд имкониятҳои маблағгузории худро барои пешбурди лоиҳаҳои афзалиятноки калидии кишвар васеъ намояд.
Ҷаноби Сулайтӣ омодагии Фонди Қатар оид ба рушдро барои густариши ҳамкорӣ ва маблағгузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, маориф ва тандурустӣ иброз намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки 28 августи соли 2025 Созишномаи молиявӣ ба маблағи 50 миллион доллари ИМА барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Қатар оид ба рушд ба имзо расида буд.
Powered by Froala Editor
