Пресс служба

27.11.2025 8:36:51
Бо иқдоми фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақсими шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» ба ҳар як хонадони мамлакат идома дорад. Ин туҳфаи маънавии беназир ба ноҳияи Айнии вилояти Суғд низ расид.
     Дар доираи иқдоми фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба 19 ҳазору 957 оилаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд тақдим мегардад.
     Ин иқдом далолат аз он медиҳад, ки тамаддун ва фарҳанги тоҷикон ҳамеша дар меҳвари сиёсати фарҳангию давлатӣ қарор дошта, «Шоҳнома» ҳамчун ганҷи гаронбаҳои миллӣ боз ба дили мардум роҳ меёбад.


           

Powered by Froala Editor