Пресс служба

05.12.2025 13:23:37
      Санаи 4 декабри соли 2025 тибқи нақшаи кории Вазорати молия дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
      Дар ҷаласа роҳбарияти Вазорати молия, Кумитаи андоз, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, сардорони мақомоти молия, андоз, хариди давлатӣ ва шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, иштирок намуданд.
      Ҷаласаи кориро муовини вазири молия Саидзода Дилшод Мурод оғоз бахшида, сипас вобаста ба масъалаҳои пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, таъмини нақшаи қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ, истифодаи самараноки қувваи барқ дар ташкилотҳои буҷетӣ, омодагиҳо ба мавсими зимистонгузаронӣ бо пешниҳоди рӯнамо маърӯза намуд.
      Ҳамзамон, дар аснои ҷаласаи корӣ муовини раиси кумитаи андоз Меликзода Каъбатулло ва сардори раёсати   рушди иқтисод, савдо ва мониториниги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Фирӯз Ғоибназарзода вобаста ба масъалаҳои болозикр гузориш доданд.


                 

Powered by Froala Editor