Пресс служба

08.12.2025 8:12:45
  Санаи 6 декабри соли 2025 дар шаҳри Токиои Ҷопон Форуми сатҳи баланд оид ба фарогирии умумиҷаҳонии тандурустӣ 2025 бо дастгирии Ҳукумати Ҷопон, Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ баргузор гардид.
     Дар кори Форум, ки бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатии кишварҳои гуногун, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Умумиҷаҳонӣ, Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Бонки Осиёии Рушд ва дигарон сурат гирифт, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири молия Қурбониён Сарвар Собир иштирок намуданд.  
     Дар аснои Форуми болозикр муовини вазири молия Қурбониён С.С., бо маърӯза аз дастовардҳо ва ислоҳотҳои соҳа дар кишвар баромад намуда, зикр гардид, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, хароҷот барои ҳифзи солимии аҳолӣ ҳамчун сармоягузории рушди ҷумҳурӣ ҳисобида шуда, бо ин мақсад маблағгузории он ҳамасола зиёд карда мешавад.
     Дар интиҳои кори Форум миёни иштирокчиён оид ба баррасии роҳҳои таҳкими низоми устувории тандурустӣ ва дастгирии ислоҳоти миллӣ дар соҳаи тандурустӣ мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Powered by Froala Editor