Пресс служба
10.12.2025 14:31:17
Санаи 9 декабри соли 2025 дар ҳошияи Конфронси молиявии рушд мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Директори генералии ширкати энергетикии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Марко Ачелли баргузор гардид.
Ширкати “Acwa Power” фаъолияташро дар самти рушди энергияи барқароршаванда, бахусус энергияи офтобӣ ва бодӣ ба роҳ монда, айни замон дар 14 кишвари дунё бо сармояи беш аз 100 млрд доллари амрикоӣ фаъолият намуда истодааст.
Дар раванди вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, бахусус дар самти истеҳсоли энергияи офтобӣ ва бодӣ дар Тоҷикистон, инчунин дигар масъалаҳои ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар сатҳи вазорату идораҳои масъули Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати энергетикии “Acwa Power” ҳамкорӣ вусъат дода мешавад.
Powered by Froala Editor
