Пресс служба
10.12.2025 14:32:49
Нимаи дуюми рӯзи 9 декабри соли 2025 дар ҳошияи баргузории Конфронси молиявии рушд дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ мизи мудаввар оид ба ҷалби маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони иншооти НБО “Роғун” ва инфрасохтори иҷтимоӣ баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар намояндагони масъули Бонки Исломии Рушд, Фонди Қатар оид ба Рушд, Фонди Кувейтӣ оид ба Рушди Иқтисоди Араб, Фонди Саудии Рушд, Фонди ОПЕК оид ба Рушди Байналмилалӣ, Фонди Абу Дабӣ оид ба Рушд ва дигар созмонҳо иштирок доштанд.
Дар оғози чорабинӣ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор доир ба раванди маблағгузории сохтмони иншооти НБО “Роғун”, рафти корҳои сохтмонӣ, иштироки сармоягузорон дар татбиқи лоиҳа ва дигар ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи ин лоиҳа маълумоти муфассал манзур намуданд. Ҳамзамон, оид ба рафти корҳои сохтмонӣ дар НБО “Роғун” гузориши видеоӣ манзур карда шуд.
Аз масъулини созмонҳои молиявии болозикр бо дарназардошти аҳамияти минтақавии НБО “Роғун” даъват ба амал оварда шуд, ки барои идомаи маблағгузории иншооти мазкур мусоидат намоянд.
Масъули Бонки Исломии Рушд, Фонди Қатар оид ба Рушд, Фонди Кувейтӣ оид ба Рушди Иқтисоди Араб, Фонди Саудии Рушд, Фонди ОПЕК оид ба Рушди Байналмилалӣ ва Фонди Абу Дабӣ оид ба Рушд омодагии худро ҷиҳати дастгирӣ ва маблағгузории ин иншооти муҳими минтақавӣ изҳор намуданд.
Инчунин дар аснои баргузории чорабинии мазкур мулоқоти Вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Директори минтақавии Фонди Абу Дабӣ оид ба Рушд барои кишварҳои Осиё Абдулло Алмансурӣ баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот Абдулло Алмансурӣ - Директори минтақавии Фонди Абу Дабӣ оид ба Рушд омодагии фондро ҷиҳати маблағгузории идомаи корҳои сохтмони иншооти НБО “Роғун” баён доштанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки масъалаҳои ҳамкорӣ ва иштироки Фонди Абу Дабӣ оид ба Рушд дар маблағгузории иншоотҳои барои ҷумҳурӣ афзалиятдошта дар моҳҳои наздик тавассути баргузории вохӯриҳои алоҳида мушаххас ва матраҳ карда мешаванд.
Powered by Froala Editor
