Пресс служба

12.12.2025 8:41:26
          Санаи 11 декабри соли 2025 дар ҳошияи баргузории Конфронси молиявии рушд дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дар ҷаласаи канорӣ таҳти унвони “Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимӣ ва устуворӣ: чӣ гуна сармояи заруриро таъмин намоем” иштирок ва суханронӣ намуд.
          Ҳамзамон, дар ҷаласаи мазкур Вазири сайёҳӣ ва Раиси Шӯрои директорони Фонди Саудии Рушд Аҳмад Ал – Хатиб, Директори генералии Фонди Саудии Рушд Султон Абдулраҳмон Ал – Маршад, Вазири федеролии молия ва дороиҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Аврангзеб, Вазири банақшагирӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Урдун Зейна Тоукан ва Президенти Бонки Рушди Африқои Ғарбӣ Серже Экуе, инчунин роҳбарони дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ ва корпусҳои дипломатӣ иштирок доштанд.
          Ҳадаф аз баргузории ҷаласаи мазкур муҳокимаи сатҳи баланди масъалаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва таҳкими устувории иқлимӣ тавассути пайдо намудани сарчашмаи маблағгузорӣ, ҷалби сармояи зарурӣ, дарёфти роҳҳои таъмини сармоягузорӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва иштироки бахши хусусӣ дар маблағгузории иқлимӣ мебошад.
          Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дар суханронии худ вобаста ба лоиҳаҳои НБО “Роғун”, CASA – 1000 ва дигар лоиҳаҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқшаванда, ки аҳамияти минтақавӣ доранд, инчунин доир ба аҳамияти онҳо вобаста ба таъмини амнияти энергетикӣ, бехатарии озуқаворӣ ва маҷмуан рушди иқтисодии минтақа иттилоъ доданд.
          Дар фарҷоми ҷаласаи мазкур миёни иштирокчиён вобаста ба мавзӯи мавриди назар мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.


         

Powered by Froala Editor