Пресс служба

20.01.2026 11:49:17
Санаи 20 январи соли 2026 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои татбиқи лоиҳаи «Ҷорӣ намудани нақлиёти ҷамъиятии барқӣ дар вилояти Хатлон, марҳилаи 2» баргузор гардид.
     Созишномаҳои мазкур аз ҷониби Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон – Холгер Вифел ба имзо расонида шуданд.
     Бояд қайд кард, ки арзиши созишномаҳои мазкур 10,0 млн евроро ташкил намуда, аз он маблағи қарзӣ 6,4 млн евро ва маблағи грантӣ 3,6 млн евроро ташкил менамояд.
      Ҳадафи асосии лоиҳа ин харидории автобусҳои барқӣ ва таҷҳизотҳо, сохтмони майдони таваққуфгоҳ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон мебошад.


           

Powered by Froala Editor