Пресс служба
12.02.2026 8:03:20
Санаи 11 феврали соли 2026 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Сафир, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Радослав Дарски баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои иқтисод ва савдо, рушди сармояи инсонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика, инчунин дигар масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкор намуданд.

Powered by Froala Editor
