Пресс служба

30.03.2026 16:12:36
   Санаи 25 марти соли 2026 дар шаҳри Лондони Британияи Кабир мулоқоти Муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон/Мудири кишварии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд аз Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло бо Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) хонум Одил Рено-Бассо баргузор гардид.
     Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, нақши Бонкро ҳамчун яке аз шарикони муҳими стратегии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок ва рушди бахши хусусӣ баланд арзёбӣ карданд.
     Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла энергетика, нақлиёт, идоракунии захираҳои об, рушди хизматрасониҳои коммуналӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонон ва занон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
     Ҷониби Тоҷикистон ба аҳамияти ҷалби бештари маблағҳои грантӣ ва имтиёзнок барои лоиҳаҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ, бахусус дар соҳаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, самаранокии энергетикӣ, обтаъминкунӣ ва нақлиёти устувор таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
     Ҳамчунин, Президенти БАТР иттилоъ дод, ки бо дарназардошти вазъи мураккаб ва мушкилоти мавҷуда дар минтақа, Бонк барои кишварҳои узв механизми махсуси маблағгузориро таъсис медиҳад ва кишварҳо метавонанд аз он истифода баранд.
     Дар ин замина қайд гардид, ки дар сурати фаъол гардидани механизми мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон низ метавонад аз имкониятҳои молиявии он истифода намуда, дар кӯтоҳтарин муҳлат дархостҳои дахлдори худро пешниҳод намояд.
     Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд минбаъд низ густариш ёфта, ба рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими инфрасохтор ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.



Powered by Froala Editor