Пресс служба
15.04.2026 7:53:27
Санаи 13 апрели соли 2026 дар ҳошияи баргузории ҷаласаҳои баҳории Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор мулоқоти вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон/Мудири кишварии Бонки Умумиҷаҳонӣ Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс бо муовини директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор - Бо Ли баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот вазири молия оид ба вазъи кунунии иқтисодиёти кишвар маълумоти мушаххас пешниҳод намуда, натиҷаҳои муваффақонаи татбиқи Барномаи ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI), ки аз ҷониби Шурои директорони Хазинаи Байналмилалии Асъор санаи 18 декабри соли 2025 ҷамъбаст гардид, махсус таъкид намуд.
Қайд карда шуд, ки иҷрои босамари ин барнома ба таҳкими заминаҳои макроиқтисодӣ, боло бурдани шаффофияти буҷетӣ, рушди бозори дохилии коғазҳои қиматноки давлатӣ, такмили сиёсати андозу буҷет ва пешбурди ислоҳоти институтсионалӣ мусоидати назаррас намуд.
Ҳамзамон, муовини директори Хазинаи Байналмилалии Асъор қайд намуд, ки Хазинаи Байналмилалии Асъор бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳонӣ ва шиддат гирифтани ноустуворӣ дар минтақа, дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳонро дар асоси 3 сенария, аз ҷумла сенарияи асосӣ, сенарияи номусоид ва сенарияи нисбатан мусоид мавриди арзёбӣ қарор дода, зарурати омодагии кишварҳоро ба хатарҳои эҳтимолӣ ва таҳкими устувории макроиқтисодӣ махсус таъкид менамояд.
Дар анҷоми мулоқот ҷониби Хазина омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкории зич бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ислоҳоти афзалиятноки кишвар иброз намуда, қайд гардид, ки бо ин мақсад сафари навбатии миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Powered by Froala Editor
