Пресс служба

16.04.2026 8:17:03
     Дар ҳошияи ҷаласаҳои баҳории Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар шаҳри Вашингтони ИМА таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва бо иштироки Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон/мудири кишварии Бонки Умумиҷаҳонӣ аз Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс бо муовини Президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани мулоқот баргузор гардид.  
     Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкории минбаъдаро дар самтҳои калидии рушди Тоҷикистон баррасӣ намуда, ба масъалаҳои таҳкими амнияти энергетикӣ, ҷалби сармояи хусусӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди бахши хусусӣ, рақамикунонии иқтисодиёт, беҳтарсозии муҳити сармоягузорӣ ва тавсеаи маблағгузории устувор таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.  
     Ҳамчунин, ҷонибҳо аҳаммияти идомаи дастгирии ислоҳот тавассути барномаҳои дастгирии буҷетиро таъкид намуда, омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ байни Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ бо истифода аз имкониятҳои Бонки Умумиҷаҳонӣ, IFC ва MIGA иброз доштанд.


Powered by Froala Editor