Пресс служба
17.04.2026 13:53:35
Дар ҳошияи ҷаласаи баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ дар ш. Вашингтони ИМА бо иштироки муовини директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор - Бо Ли мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ сурат гирифт, ки дар кори он вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс ширкат намуданд.
Дар аснои мулоқот вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Ф.С., оид ба вазъи кунунии иқтисоди миллӣ ва самтҳои асосии сиёсати иқтисодию молиявии кишвар маълумоти мушаххас пешниҳод намуданд.
Зикр гардид, ки дар доираи ҳамкорӣ бо Хазинаи Байналмилалии Асъор, бахусус татбиқи Барномаи ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI), Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои такмили идоракунии молияи давлатӣ, таҳкими шаффофият, беҳтар намудани идоракунии қарзи давлатӣ ва пешбурди ислоҳоти сохторӣ натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст.
Дар фарҷоми мулоқот миёни шитирокчиён вобаста ба мавзӯъҳои мавриди назар мубодилаи афкор сурат гирифт.

Powered by Froala Editor
