Пресс служба

17.04.2026 13:56:42
Дар ш.Вашингтони ИМА вохӯрии вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо  директори генералии Созмони байналмилалии муҳоҷират хонум Эми Поуп баргузор гардид. 
      Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар самти танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирон, тавсеаи имкониятҳои шуғли расмӣ ва истифодаи босамари муҳоҷират барои рушди иҷтимоию иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
     Ҳамзамон, ҷалби маблағгузории ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ба такмили низоми омодасозии шаҳрвандон пеш аз сафар, рушди марказҳои иттилоотию машваратӣ барои муҳоҷирон, таҳкими ҳифзи ҳуқуқии муҳоҷирон ва дастгирии махсуси занони муҳоҷир аз мавзӯъҳои дигари вохӯрӣ буд.



Powered by Froala Editor