Пресс служба
27.04.2026 15:51:15
24 апрели соли 2026 таҳти раисии муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Сарвар Собир ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи дастгирии буҷетии Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбари шӯъбаи ҳамкориҳои Намояндагии Иттиҳоди Аврупо хонум Изабел Уриз-Эрнандес, Раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Раҳимӣ Фарҳод ва муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ашурализода Абдураҳмон иштирок намуданд.
Иштирокчиён натиҷаҳои соли 2025-умро ҷамъбаст намуда, иҷрои бомуваффақияти шартҳои барномаро дар заминаи рушди ММД (8,4%) ва таварруми мӯътадил (3,5%) қайд карданд. Аз ҳаҷми умумии буҷети барнома, ки 30 млн евроро ташкил медиҳад, то имрӯз 23 млн евро ҷалб карда шудааст.
Дар соли 2026 дар асоси пешрафти бадастомада ҷалби боз 6,8 млн еврои дигар дар назар аст. Роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аҳамияти барномаро барои навсозии низоми таълим ва баланд бардоштани рақобатпазирии кадрҳо дар бозори меҳнат таъкид намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рақамикунонии молияи давлатӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани модулҳои нави буҷетикунонии барномавӣ дар низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ ва санҷиши маълумот дар муҳити тестӣ ба таври муфассал баррасӣ шуданд. Ин иқдомҳо ҳамчун самтҳои афзалиятнок барои баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии хароҷоти буҷетӣ арзёбӣ мегарданд.
Қисмати алоҳидаи рӯзномаи ҷаласа ба таҳлили натиҷаҳои миссияи мониторингӣ, ки аввали моҳи апрел ба ҷумҳурӣ ташриф оварда буд ва баррасии омодагӣ ба марҳилаи дуюми барнома барои солҳои 2026–2027 бахшида шуд. Дар фарҷоми ҷаласа ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамоҳангии зичи минбаъда ҷиҳати таъмини устувории ислоҳот, рушди фарогирӣ ва таҳкими сармояи инсонӣ дар кишвар тасдиқ намуданд.

Powered by Froala Editor
