Пресс служба
15.05.2026 17:55:13
Имрӯз дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудавар бахшида ба натиҷаҳои ислоҳот дар самти шаффофияти буҷети давлатӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма барои баррасии натиҷаҳои таҳқиқоти «Буҷети кушода»-и соли 2025 ва муҳокимаи қадамҳои минбаъда иштирок намуданд.
Таҳқиқоти «Буҷети кушода»-и соли 2025, ки аз ҷониби Шарикии байналмилалии буҷетӣ (International Budget Partnership) гузаронида шудааст, нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар ҳамаи се самти арзёбишавандаи кушодагии буҷет ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Нишондиҳандаи шаффофияти кишвар аз 16 хол дар соли 2021 то 47 хол дар соли 2025 боло рафт, ки дар тӯли чор сол қариб се баробар афзоиш ёфта, баландтарин натиҷаи кишвар аз оғози иштирок дар индекси шаффофиати буҷет мебошад.
Тоҷикистон дар чор соли охир дар самти шаффофияти буҷет пешрафти назаррас ба даст овард. Ҳуҷҷатҳои асосии буҷетӣ дар сомонаи Вазорати молия барои ҳамагон дастрас мебошанд, бори аввал баррасии шарҳи нимсолаи буҷет нашр шуд ва маълумот дар нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ ва инчунин қарзи давлатӣ ба таври назаррас ҷойгир гардид.
Дар мизи мудаввар муаррифиҳои муфассал дар бораи натиҷаҳои тадқиқот пешниҳод карда шуданд ва сипас муҳокимаи ҷонибҳои манфиатдор дар бораи дастовардҳо, камбудиҳои мавҷуда ва амалҳои афзалиятнок барои давраи ояндаи ислоҳот сурат гирифт.
Вазорати молия тасмим дорад, ки қадамҳои навбатии худро дар самти шаффофияти буҷет, аз ҷумла тавассути ворид кардани буҷетикунонии барномавӣ тавассути амалишавии рақамикунонии соҳа ва истифодаи зеҳни сунъӣ тақвият диҳад. Инчунин, ҷараёни мазкурро ба стандартҳои байналмилалии бахши давлатӣ мутобиқ созад.
Powered by Froala Editor
