Пресс служба

09.06.2026 11:26:40
     Дар ҳошияи ҷаласаи солонаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия мулоқоти муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло бо директори рушди бозори сармояи БАТР, Александр Пивоварски баргузор гардид.   
     Дар рафти мулоқот вазъи кунунии ҳамкориҳои молиявӣ байни Тоҷикистон ва БАТР, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои марбут ба рушди бозори сармоя мавриди баррасӣ қарор гирифт.
     Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии робитаҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки БАТР дар солҳои охир ҳамкориҳои судмандро бо бахши хусусӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Powered by Froala Editor