Пресс служба

09.06.2026 11:40:33
Санаи 6 июни соли 2026 дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия дар доираи ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР)  муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло дар ҷаласаи пленарии Шӯрои мазкур иштирок ва суханронӣ намуд.
     Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи ислоҳоти
иқтисодӣ, таҳкими идоракунии давлатӣ, рушди бахши хусусӣ, беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
      Ҳамчунин, дар ҷаласаи сатҳи баланд таҳти унвони «Дарозумрӣ, технология ва ояндаи меҳнат дар иқтисодиётҳои мутобиқшаванда» таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди сармояи инсонӣ, истифодаи иқтидори демографӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва рушди иқтисоди «сабз» муаррифӣ гардид.
     Иштирок дар ҷаласаи солонаи БАТР имконияти муҳими муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва пешбурди манфиатҳои иқтисодии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. 


Powered by Froala Editor