Пресс служба

09.06.2026 16:27:58
  Дар ҳошияи ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, ки дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия баргузор гардид, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло бо роҳбарияти воломақоми Бонки мазкур як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод.
      Аз ҷумла, вохӯриҳо бо Ноиби Президенти БАТР Маттео Патроне, директори бахши инфрасохтори АвруОсиё Екатерина Мирошник, директори идоракунандаи БАТР оид ба Осиёи Марказӣ ва Муғулистон Ҳусейн Озҳан ва Роҳбари минтақавии БАТР оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Туркманистон Айтен Рустамова баргузор гардиданд.
     Зимни мулоқотҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, инфрасохтори коммуналӣ, рушди бахши хусусӣ, молияи «сабз», рушди бозори молиявӣ ва ҷалби сармоягузориҳо ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
     Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд ва пешбурди лоиҳаҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Стратегияи нави Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои солҳои 2025–2030 иброз намуданд.

Powered by Froala Editor