Пресс служба

12.07.2023 20:04:47
 Санаи 12 июли соли 2023 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Вазорати молия, иҷрои нишондиҳандаҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо оид ба идоракунии самараноки молияи давлатӣ барои семоҳаи cеюми соли ҷорӣ» баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр, инчунин намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии омор, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, КВД БА ҶТ “Амонатбонк”, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии вазорат, сардорони муассисаҳои зертобеъ ва сарраёсату раёсатҳои мақомоти молия ширкат намуданд.
Ҷаласаи васеи ҳайати мушовараро вазири молия-Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор оғоз намуда, тибқи рӯзномаи ҷаласа маърӯзаи муовини вазири молия- Гулмуродзода Карим Гулмурод «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Вазорати молия, иҷрои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо оид ба идоракунии самараноки молияи давлатӣ барои семоҳаи cеюми соли ҷорӣ» шунида шуд.
Сипас, сардорони сарраёсату раёсатҳои мақомоти молия дар маҳал ҳисобот доданд.




 



Powered by Froala Editor