Пресс служба

16.07.2023 20:21:38
Санаи 14 июли соли 2023 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо cафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мануэл Микаллер баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои иқтисоду савдо, рушди сармояи инсонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика, инчунин дигар масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкор намуданд.

Powered by Froala Editor