Пресс служба

09.05.2023 20:44:20
Санаи 6 майи соли 2023 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия- Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо сафири Австрия дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Остона) Вилли Кемпел, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, баргузор гардид.
​ ​ ​ ​ ​ ​ Дар аснои мулоқот атрофи масъалаҳои иқтисод ва савдо, андоз ва татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика, инчунин дигар масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкор сурат гирифт.