Пресс служба

11.05.2023 0:27:26

Санаи 10 майи соли 2023 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири молия-Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо ҳайати Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, ки таҳти роҳбарии муовини ёвари директори генералӣ, сардори шуъбаи Осиё, Америкаи Лотинӣ ва баҳри Кариб-сафир Арно Вики ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, баргузор гардид.
Дар аснои вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мавриди назар табодули афкор намуданд.