Пресс служба

11.06.2023 20:15:45
Аз 3 то 10 майи соли 2023 як гурӯҳ мутахассисони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷиҳати табодули таҷриба дар самти ислоҳот ва маъмурикунонии андоз дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доштанд.
Дар рафти вохӯриҳо бо мутахассисони Кумитаи андози назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон атрофи масъалаҳои татбиқи муқаррароти қонунгузории нави андози ду кишвар, аз ҷумла, хусусиятҳои низомҳои андозбандӣ, тамғагузории электронии молҳо ва муайян намудани тартиби машваратчиёни мустақили андоз, муносибати таваккал дар назорати андоз ва пешниҳоди хизматрасониҳои андоз дар шакли электронӣ мубодилаи афкори судманд сурат гирифт

Powered by Froala Editor