Пресс служба

02.04.2024 11:01:29
Санаи 28 марти соли 2024 дар вазорати молия таҳти роҳбарии муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Сарвар Собир ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи дастгирии буҷети Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи таҳсилоти касбӣ-техникӣ, омӯзиш ва шуғл дар Тоҷикистон, инчунин Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи “Кумаки Иттиҳоди Аврупо дар ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ ва баланд бардоштани малакаҳо барои шуғл дар Тоҷикистон” баргузор гардид.
       Дар ҷаласа, ҳамзамон раиси кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ - Фарҳод Раҳимӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ - Қиёмиддин Давлатзода, сардори шуъба оид ба ҳамкориҳои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон - Марк Бухманн ва дигарон иштирок намуданд.
    Дар аснои ҷаласа аз ҷониби намояндагони вазоратҳои молия ва меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ рӯнамо оид ба рафти иҷрои талаботи шартҳои умумӣ ва нишондиҳандаҳои Барномаи дастгирии буҷети Иттиҳоди Аврупо дар соли 2023 пешниҳод гардид. Инчунин, вобаста ба масъалаҳои Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи “Кумаки Иттиҳоди Аврупо дар ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ ва баланд бардоштани малакаҳо барои шуғл дар Тоҷикистон” аз ҷониби ҳайати коршиносон маълумоти муфассал оид ба натиҷаҳо аз рафти татбиқи лоиҳа дар 6 моҳи сипаригардида ва нақшаи кори лоиҳа барои 6 моҳи оянда манзур карда шуд.
      Дар анҷоми ҷаласа ҷонибҳо омодагии худро барои рушди ҳамкориҳои судманд дар самти тақвият бахшидани ислоҳот дар соҳаҳои таҳсилоти касбӣ-техникӣ, омӯзиш, шуғл ва идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон, инчунин баланд бардоштани иқтидори кормандони вазорату идораҳои дахлдор баён доштанд.

    


Powered by Froala Editor